Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон дар мавсими сармо, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, дар мавзеъҳои махсус муайяншуда…

Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон дар мавсими сармо, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, дар мавзеъҳои махсус муайяншуда намудҳои гуногуни хӯрокворӣ, аз ҷумла гандум, ҷуворимакка, хуч, коҳ ва дигар намуди маҳсулотҳо барои таъмини ғизои зимистонаи ҳайвонот ва парандагон ҷойгир карда шуд.