22 январи соли 2026 дар дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия барои нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин роҳбарон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Баҳромҷони Бобо, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсия, майори адлия, ва Зокирзода Ваҳоб Восид, лейтенанти хадамоти зиддикоррупсионии Агентӣ, баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, таҳкими интизоми хизматӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон, риояи талаботи қонунгузории амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Баҳромҷони Бобо баромад намуда, иброз дошт, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, иҷрои саривақтӣ ва дақиқи талаботи қонунгузорӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳа мебошад.
Зикр гардид, ки танҳо тавассути таҳкими интизоми хизматӣ, шаффофият дар фаъолияти хизматӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ метавон аз зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ пешгирӣ намуд. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вазифадоранд назорати доимиро ҷиҳати риояи қонун ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тақвият бахшанд.