Ҷиҳати иҷрои банди 26 "Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026" Бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард, санаи 20 декабри соли ҷорӣ, бо иштироки директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Ҷитсзюн, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Ғаюрзода Нарзулло Файзуло ва кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Ваҳдат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар мавзеи зикргардида тақрибан 10 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда дар масоҳати зиёда аз 9 гектар шинонида шуд. Корҳо бо маром дар ин самт идома доранд.