Дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2040 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ниҳолшинонӣ дар таллу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе–Ваҳдат идома доранд.
Дар асоси нақша, зиёда аз 40 гектар қитъаҳо барои кабудизоркунӣ ҷудо шуда, шинонидани беш аз 40 ҳазор бех ниҳол дар назар аст. Дар рӯзҳои наздик корҳои ниҳолшинонӣ оғоз мегарданд.