Бо мақсади самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ дар қитъаи замини назди идора, ки масоҳаташ тақрибан 0,1 гектарро ташкил медиҳад беш аз 10 килограмм тухмии хуч ва 3 килограмм тухмии арча корид.
Татбиқи чунин корҳои кишту парвариши ниҳолҳо ба афзоиши масоҳати ҷангалзорҳои муҳофизатӣ, беҳбудии муҳити зист ва таҳкими ҳолати экологии минтақа мусоидат менамояд. Ҳамчунин, назорат ва нигоҳдории ин майдон аз ҷониби мутахассисон ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст, то сабзиш ва рушди ниҳолҳо таъмин гардад.