Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита вобаста ба раванди иҷрои бандҳои алоҳидаи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.
Каримов Умарҷон, сармутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита зимни суханронӣ доир ба вазъ ва дурнамои иҷрои муқаррароти Косепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ бояд барои амалишавии ин консепсия ба таври муштарак фаъолият намоянд.
Дар идома сармутахассиси Кумита Хоҷамирзода Муслиҳиддин ва дигар кормандон вобаста ба ин мавзуъ ибрози назар намуданд.