23-юми феврал дар Кумита бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони Кумита ширкат намуданд.…
23-юми феврал дар Кумита бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони Кумита ширкат намуданд.
Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумита таъкид шуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, неруи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идома Адҳамҷон Ашурализода, афсари калони равоншиноси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи "Таърихи таъсисëбӣ ва тақвияти Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ кард.