Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладон барои мавсими Ҳаҷ-2026 озмун эълон менамояд.
Шартҳои озмун:
Огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ;
Доштани малака ва маҳорати хуби ташкилотчигиву муошират бо зоирин;
Донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират.
Дар озмуни роҳбаладони мавсими Ҳаҷ-2026 нафарони синнашон то 60 -сола иштирок карда метавонанд. Бартарият ба нафароне дода мешавад, ки камтар аз 3 маротиба ба ҳайси роҳбалад ва ё зоир ба ҳаҷ сафар кардаанд.
Ҳуҷҷатҳои лозима:
Ариза ба номи раиси Кумита;
Нусхаи шиноснома;
Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
2 адад акси 3/4;
Варақаи шахсӣ.
Танҳо нафарони ба меъёрҳо мувофиқбуда, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 20-уми январи соли 2026 ба Кумита дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 14