Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро раиси Кумита Сулаймон Давлатзода ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ аз ҷойгоҳи арзишманди Истиқлол дар сарнавишти давлату миллат ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки маҳз бо сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатӣ таҳким ёфта, имрӯз ба сутуни асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мубаддал гардидааст.
Сипас муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода суханронӣ намуда, дар мавриди нақши ҷавонон дар ҳифз ва таҳкими дастовардҳои Истиқлол ибрози назар кард.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Кумита Муслиҳиддин Хоҷамирзода, Бурҳониддин Аминов ва Шамсуддин Юсупов низ дар мавриди аҳамияти Истиқлол ва зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ андешаҳои худро баён доштанд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ кормандони фаъоли Кумита ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.