Чорабиниро муовини якуми раиси Кумита Тоҷиддин Кабутов ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ бояд ҳар як хизматчии давлатӣ тартиби дурусти таҳияи санадҳои соҳавӣ ва дигар стратегиву консепсияҳоро омӯзад ва дар фаъолияти худ самаранок истифода кунад.
Дар идома намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ перомуни мавзуи машғулияти омӯзишӣ ба таври муфассал суханронӣ намуда, ҳамзамон ба суолҳои кормандони Кумита посух гуфт.