Ин давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” роҳандозӣ гардид.
Дар ин чорабиниҳо 68 нафар имомхатибон ва халифаҳо аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Рӯдакӣ, ҳамчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок доштанд.
Дар ояндаи наздик баргузории чунин омӯзишҳо барои ходимони дин дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ пешбинӣ шудааст.
Тренингҳои мазкур ба тақвияти нақши руҳониён дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавассути муколамаи боэътимод ва шарикии байнисоҳавӣ равона шудаанд.