Имрӯз, 30 апрели соли 2025 дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Аҳмияти дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар семинари мазкур роҳбарияти Донишкада, намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро ректори Донишкада н.и.ф. Зокирзода Н.М., ифтитоҳ намуд. Дар чорабинии мазкур кормандони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ф. Хоҷамирзода Муслиҳиддин ва Аминов Бурҳониддин, муовини ректор оид ба таълим д.и.т профессор Қурбонов Б., декани факултаи филологияи шарқи донишкада Карим Раҳим ва мудири кафедраи забон ва адабиёти араб н.и.ф. Холов А., суханронӣ намуданд.
Дар кори семинар вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", зиёдаравию исрофкорӣ, хурофоту таассуб, тарбияи дурусти фарзандон, шарҳи моддаи 481 кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар мавзӯъҳо андешаронӣ сурат гирифт.
Инчунин, дар семинари мазкур раванди дурусти бақайдгирии маъракаву маросим тариқи портали электронии "tanzim.tj" ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.