1 октябри соли 2026 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ ва густариши робитаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ меҳмонро ба Кумита хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда аҳаммияти муҳим доранд.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба баррасӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти мубодилаи таҷриба, таҳкими робитаҳои касбӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои байни сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таъкид намуданд.