Мувофиқи маълумоти расмии Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 сентябри соли 2026, соати 10:46 ба вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар масофаи 286 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 25 километр ҷануб аз шаҳри Хоруғ ва 147 километр ҷанубу ғарб аз кӯли Сарез, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгир шудааст.
Қувваи заминларза дар маркази он 3–4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3 балл ва дар ҳудуди кӯли Сарез 2–3 баллро ташкил дод.
Тибқи иттилои фаврии роҳбарони шуъба ва бахшҳои ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, дар натиҷаи ин заминларза талафоти ҷонӣ, осебдидагон ва хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.