14 сентябри соли 2026 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кетрин Смиттон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори воҳидҳои наҷотдиҳиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиш ва такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон, омода намудани омӯзгорони миллӣ, баргузории машқҳои муштарак, таҷҳизонидани гурӯҳҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ зоҳир гардид.
Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла низоми иттилоотии ҷуғрофӣ, харитасозии хавфҳо, дронҳо, мониторинги фосилавӣ ва рушди системаҳои огоҳсозии бармаҳал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо масъалаи таҳия ва ба имзо расонидани санади нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ баён карданд.
Раиси Кумита ба Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳида ва Сафорати Британия дар Душанбе барои дастгирӣ ва ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.
Дар анҷоми мулоқот меҳмонон аз Маркази таълимӣ-методии Кумита дидан карда, бо шароити омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон шинос шуданд.