Муҳтарам генерал-майор Латифзода Ҳотамшо
Ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо ордени «Шараф» дараҷаи II самимона табрику муборакбод менамояд.
Ин мукофоти давлатӣ нишони баланди қадрдонӣ аз хизмати содиқона, фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар таҳкими низоми мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин заҳматҳои пайвастаи Шумо дар роҳи таъмини амнияту суботи ҷомеа мебошад.
Бовар дорем, ки ин дастоварди арзанда барои Шумо неруи тоза бахшида, минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ, таҳкими иқтидори Кумита ва хизмат ба Ватани азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат фаъолият хоҳед кард.
Ба Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза, барори кор ва дар фаъолияти минбаъдаатон дастовардҳои боз ҳам бештар орзумандем.
Мукофоти давлатӣ муборак бошад, муҳтарам генерал-майор Латифзода Ҳотамшо
Бо эҳтиром,
ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон