Мутаассифона, новобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои пешгирикунанда аз ҷониби сохторҳои дахлдор, ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар об ҳамоно ба қайд гирифта мешаванд.
Дар ин самт масъулияти шаҳрвандон ва сохторҳои дахлдор хеле муҳим буда, пешгирии чунин ҳодисаҳо танҳо дар сурати ҳамкории ҳамаҷониба ва риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ имконпазир аст.
Вилояти Хатлон, шаҳри Норак
28 августи соли 2026, соати 15:10 дақиқа, ба Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак аз ҷониби ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак хабар расонида шуд, ки тахминан соати 14:30 дақиқа шаҳрванд Нарзуллоев Ҳамза Ибодуллоевич, соли таваллудаш 18 октябри соли 2000, сокини маҳаллаи Чортут, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоми оббозӣ дар карьери №9-и шаҳри Норак ғарқ шудааст.
Бо гирифтани хабар, соати 15:12 дақиқа наҷотдиҳандагони Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои ҷустуҷӯиро дар рӯйи об ва зери об оғоз намуданд.
Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ соати 18:14 дақиқа ҷасади шаҳрванд дарёфт гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намуда, аз шиноварӣ дар ҷойҳои барои оббозӣ пешбининашуда, махсусан дар карьерҳо, худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон, Кумита аз сохторҳои дахлдор даъват ба амал меорад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои пешгирикунандаро дар байни аҳолӣ, бахусус дар мавзеъҳои оббозӣ ва ҷойҳои хавфнок, пурзӯр намоянд.