Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Кумита чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои тобеи он, собиқадорони соҳа ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас оид ба таърихи таъсисёбӣ ва марҳилаҳои рушди Кумита, саҳми он дар пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ суханронӣ карда шуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар давоми 32 соли фаъолияти худ Кумита ҳамчун сохтори муҳими низоми ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аз ҳолатҳои фавқулодда, бо такя ба сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, фаъолияти худро пайваста такмил дода, барои таъмини амнияти аҳолӣ ва коҳиш додани хавфҳои офатҳои табиӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони соҳа барои фаъолияти намунавӣ, иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ ва саҳми арзанда дар рушди низоми ҳолатҳои фавқулодда бо Ифтихорнома, Сипоснома ва дигар мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, ба муносибати ҷашни 32-солагии таъсисёбии Кумита ба як қатор кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони касбӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ идома ёфта, ба ҳозирин рӯҳияи баланди идона бахшид.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки кормандони Кумита минбаъд низ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан ва хизмати содиқона ба халқу давлат вазифаҳои худро иҷро намуда, барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва амнияти кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
32-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ муборак бод!