14 августи соли 2026, шаҳрванд Халифаев Зоҳидҷон, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, бо автомашинаи тамғаи «Toyota Voxy», рақами қайди давлатии 1992 QO10, аз самти ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Панҷакент ҳаракат мекард.
Мутаассифона дар мавзеи Дашти Искодар, ҳангоми ҳаракат, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина аз шоҳроҳ берун шуда, ба тарафи чапи дарёи Зарафшон тақрибан ба чуқурии 100 метр сарозер мегардад.
Пас аз гирифтани хабар, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Бо гузаронидани корҳои махсуси наҷотдиҳӣ онҳо ронандаро аз лаби дарёи Зарафшон тақрибан дар чуқурии 100 метр зинда берун оварданд.
Шаҳрванди мазкурро барои муоина ва расонидани ёрии тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол дода шуд.
Ин ҳодиса бори дигар зарурати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои кӯҳӣ ва хатарнокро нишон медиҳад. КҲФ ДМЗН ЗАРАФШОН аз ҳамаи ронандагон даъват менамояд, ки ҳангоми ҳаракат суръати бехатарро интихоб намуда, ба ҳолати роҳ ва шароити маҳал диққати ҷиддӣ диҳанд.