Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон гурӯҳи корӣ ба ин кишвар сафар намуд.
Роҳбарии гурӯҳи кориро генерал - майор Исозода Сулаймон, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дошта, зимни ин сафар сайқали табодули иттилооту таҷриба, густариши ҳамкориҳои техникӣ, тақвияти маҳорати касбии наҷотдиҳандагони ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Исозода Сулаймон иброз доштанд, ки Кумита ҷиҳати такмили малакаи касбӣ ва бозҳам тақвияти корӣ бо ҳампешагони хориҷӣ ҳамеша омода буда, дар ин самт аз ҷониби масъулин тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Зимни ин сафар муовини Раиси Кумитаро полковник Сайидиён Н., сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Кумита ва дигар шахсон ҳамроҳӣ доштанд.
Ин сафар дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон ташкил гардида, ба таҳкими иқтидори миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат менамояд.