Онлайн-чат
5 октября 2026
3 октября 2026
2 октября 2026
23 сентября 2026
21 сентября 2026
19 сентября 2026
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 3 июни соли 2026, соати 11:58 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 294 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе, 93 километр шимолу ғарбтар аз кӯли Сарез ва 93 километр ҷанубу ғарбтар аз ноҳияи Лахш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буд.
Қувваи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ 2–3 балл ва дар минтақаи кӯли Сарез 3 балл эҳсос гардид.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи заминларза хисорот, талафоти ҷонӣ ва зарардидагон ба қайд гирифта нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро зери назорат қарор дорад.