Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 то 5 июни соли 2026 дар натиҷаи боришоти пешбинишуда дар баъзе минтақаҳои кишвар эҳтимоли ба амал омадани падидаҳои маҳаллии селӣ вуҷуд дорад.
Хавфи сел дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешгӯӣ карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват менамояд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз қарор доштан дар наздикии маҷрои дарёҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо ва нишебиҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва то ҳадди имкон ба минтақаҳои эҳтимолан хатарнок сафар накунанд.
Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ
Бо мақсади сари вақт дастрас намудани огоҳиномаҳо, тавсияҳо ва хабарҳои фаврӣ, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барномаи мобилии «SOS»-ро насб намоянд.
Маълумоти бештар: https://khf.tj/sos/