25 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазорату идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Таҳияи нақшаҳои омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда барои силсилаи неругоҳҳои барқи обии Вахш ва кишварҳои соҳилӣ» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарон ва намояндагони сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти пешгирӣ ва вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ёдовар шуда, таъкид намуд, ки таҳияи нақшаҳои муштараки омодагӣ ва ҳамоҳангсозии иқдомҳо барои таъмини амнияти аҳолӣ ва иншооти муҳими гидротехникӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин вазирони ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи механизмҳои самараноки вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ибрози назар намуданд.
Дар идомаи ҷаласа намояндаи ширкати “Штуки Грунер” Иван Стойнич рӯнамоии лоиҳаи «Таҳияи нақшаи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда барои силсилаи неругоҳҳои барқи обии Вахш ва кишварҳои соҳилӣ»-ро муаррифӣ намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва қабули қарорҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.