Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал ва ҳамраиси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023 тамоми тадбирҳоро барои пешбурди рӯзномаи об дар сатҳи байналмилалӣ идома медиҳад. Дар асоси дастовардҳои конфронсҳои қаблии “Раванди оби Душанбе” (2018, 2022, 2024) конфронси соли 2026 марҳилаи калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, суръат бахшидан ба пешрафт дар самти Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об хоҳад буд, ки он аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин асос, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи конфронсҳои гузашта низ саҳми худро гузоштааст. Инчунин, Кумита нақша дорад, ки дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии чаҳоруми сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида ба 115 солагии кӯли Сарез: “Таърих, татдқиқот ва ояндаи устувор” ташкил ва гузаронидани Форуми “Илм, Мониторинг ва Идораи хавфҳои обӣ ва иқлимӣ” 25 майи соли 2026 дар Китобхонаи милли Тоҷикистон ба ташкил ва баргузор намояд.
Кумита 25 май соли 2026 пас аз ба итмом расидани қисмати ифтитоҳӣ ва шунидани баромадҳо гузаронидан машқро дар мавзуи “Амали ҳайати наҷотдиҳандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми заминҷунбӣ” бо иштироки вазирони ҳолатҳои фавқулодаи ин кишварҳо дар Маркази минтақавии омода намудани наҷотдиҳандагони Кумита воқеъ дар деҳаи Қаратоғ ба нақша гирифтааст.
Кумита барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии конфронс, дар ғурфаи масоҳати 5*2 (10 м2) таҷҳизотҳои соҳаи худро дар Кохи Сомон ба намоиш мегузорад. Инчунин, дар конфронси байналмилаӣ аз Кумита расман гурӯҳи иштирокчии конфронс ва гурӯҳи техникӣ барои муаррифӣ намудани ғурфаи Кумита пешниҳод шудананд, ки иштирок менамоянд.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал дар Душанбе сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявию илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, мардуми бумӣ ва бахши хусусиро барои пешбурди уҳдадориҳо ва таъкиди василаҳои ҳалли дигаргунсозандаи соҳаи об ҷамъ меорад. Муҳокимаҳо ба нигаҳдорӣ ва рушди минбаъдаи динамикаи эҷодшуда аз ҷониби Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, дастгирии рӯзномаи об ва оғози мубоҳисаҳо доир ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, нигаронида мешаванд.
Намояндагон дар нишастҳои пленарии сатҳи баланд нуҳ ҷаласаи ихтисосиро, ки бо мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 бо Созмони Милали Муттаҳид ҳамоҳанг шудаанд, инчунин дар чорабиниҳои пешазконфронсӣ (форумҳо), чорабиниҳои канорӣ ва намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард. Барномаи конфронс ҳамзамон чорабинии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026-ро, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP/ЭСКАТО ООН) ташкил карда мешавад, дар бар мегирад. Чорабинии мазкур барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҳамоҳангсозии мавқеъҳои минтақавӣ ва таҳкими саҳми дастҷамъонаи онҳо дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 имконияти муҳим фароҳам меорад.
Ҳамчунин Конфронси оби Душанбе имконияти беназири иштирок дар экскурсияҳои махсусро низ фароҳам хоҳад овард. Ин сайру гаштҳо ба иштирокчиён фурсат медиҳанд, то бо мероси ғании фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла тамаддунҳои бостонӣ ва мероси Роҳи Абрешим шинос шуда, оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар мудирияти захираҳои об, инчунин инфрасохтори устувори об ва гидроэнергетикии мамлакат маълумот пайдо намоянд.
Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми расмӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 инъикос хоҳанд ёфт.
Маконҳои баргузории онҳо аз ҷониби ташкилкунандагон муайян шуда, иловатан эълон карда мешаванд.
Конфронси расмии сатҳи баланд рӯзҳои 26–27 майи соли 2026 дар маҷмааи «Кохи Сомон», шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Сафар ба самтҳои сайёҳӣ барои иштирокчиёни хориҷӣ 28 майи соли 2026 бо мақсади ошноӣ ва омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об ташкил карда мешаванд.
Конфронс хусусияти бисёрҷониба дошта, доираи васеи иштирокчиёнро, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои соҳаи захираҳои об саҳм мегузоранд, муттаҳид месозад.
Дар Конфронс намояндагони воломақоми давлатҳои узви СММ ва сохторҳои он, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, занон, ҷавонон, ҷомеаҳои маҳаллӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, доираҳои академӣ, ҷомеаи илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок менамоянд. Бо мақсади мусоидат ба пешбурди равишҳои ҳамгиро ва шарикӣ байнисоҳавӣ иштироки намояндагони бахшҳои гуногун, аз ҷумла «берун аз рӯзномаи анъанавии соҳаи захираҳои об», махсусан истиқбол карда мешавад.
Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал дар соҳаи захираҳои об дар формати ҳузурӣ баргузор шуда, сатҳи баланди ҳамкорӣ ва мубодилаи афкор байни иштирокчиёнро таъмин хоҳад кард.
Ҳадафи асосии Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» мусоидат ба пешрафт дар расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 мебошад.
Илова бар ин, Конфронс ба пешбурди рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ равона шудааст. Ҳамзамон Конфронс барои баррасӣ, татбиқ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдор; инчунин ба густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об, аз ҷумла ҳадафҳо ва вазифаҳои пешбинишуда дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 шароит муҳаё менамояд.
Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал ба амалисозии самтҳои зерин нигаронида шудааст:
• ҳамчун чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026, ки таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, хизмат намояд;
• роҳҳои ҳалли васеъмиқёсро пешниҳод намояд, ҳамкориро тақвият бахшад ва шарикӣ ташкил кунад барои ҳалли масъалаҳо ва имкониятҳои афзалиятнок дар соҳаи об;
• татбиқи Даҳсолаи амал оид ба обро бо такя ба чаҳор самти фаъолияти Нақшаи амалии Дабири кулли СММ оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018–2028 фаъол гардонад;
• мубодилаи афкор ва пешниҳодҳоро оид ба баррасии ҳамаҷонибаи ҷамъбастии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018–2028 ва роҳҳои минбаъдаи амал, аз ҷумла Рӯзномаи пас аз соли 2030 оид ба оби СММ, ки дар ҷараёни Конфронси оби СММ дар соли 2028 баргузор мегардад, оғоз намояд.
Чорабиниҳои марбут ба Конфронс дар давоми чор рӯз — аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мегарданд.
Форумҳо ва чорабиниҳои канорӣ рӯзи 25 майи соли 2026, дар арафаи ифтитоҳи расмии Конфронс баргузор мешаванд. Макони баргузории форумҳо ва чорабиниҳои канорӣ аз ҷониби ташкилкунандагон муайян гардида, иловатан хабар дода мешавад.
Конфронси расмии сатҳи баланд рӯзҳои 26–27 майи соли 2026 дар маҷмааи «Кохи Сомон» дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Сафар ба самтҳои сайёҳӣ ва боздидҳо санаи 28 май барои иштирокчиёни хориҷии Конфронс бо мақсади шиносоӣ бо кишвари мизбон ва омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об ташкил карда мешаванд.
Маълумоти муфассалро оид ба конфронс аз сомонаи он https://conf2026.dushanbewaterprocess.org метавонед дастрас намоед.
майор Икромзода Ҷалолиддин Икром – сардори Шуъбаи ШҲРКБ Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита – котиби масъули конфронс аз Кумита