Дар бинои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз ҷониби масъулини Раёсат ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд, бо иштироки муовини директор оид ба корҳои тарбияи донишкада, номзади илмҳои таърих Иномзода Назира Иномҷон ва зиёда аз 150 нафар донишҷӯёни факултетҳои «Энергетика», «Сохтмон ва нақлиёт», «Муҳандисӣ-технологӣ» ва «Технологияи рақамӣ» вобаста ба фарорасии мавсими оббозӣ ва пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро муовини директор оид ба корҳои тарбияи донишкада, номзади илмҳои таърих Иномзода Назира ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳамасола дар мавсими оббозӣ миёни ҷавонон бинобар надонистани қоидаҳои оббозӣ ва риоя накардани тавсияҳои мутахассисон ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ба қайд гирифта мешаванд.
Зикр гардид, ки ташкили чунин вохӯриҳо пеш аз оғози мавсими оббозӣ аз ҷониби намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд барои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ мусоидат менамояд.
Сипас, масъулини Раёсат ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ дар дарёҳо, обанборҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ, худдорӣ намудан аз оббозӣ дар манбаъҳои обии ношинос, инчунин роҳ надодан ба бозиҳои хатарнок дар ҷойҳои оббозӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ ҳатмӣ мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2026–2030, инчунин Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040 маърузаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳӣ, хизмат ба Ватан, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, тарзи дурусти рафтори аҳолӣ ҳангоми ҳодисаҳои нохуш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки телефонҳои мобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба донишҷӯён варақаҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд омода гардидаанд, дастрас карда шуданд.