Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 майи соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад.
Дар бештари ноҳияҳо боронҳои селӣ дар назар буда, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд боронҳои бошиддати селӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ ва жола низ вуҷуд дорад.
Рӯзи 19 май дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 19–20 май, ба истиснои минтақаҳои шарқии ВМКБ, дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтимоли сар задани сел боқӣ мемонад.
Аз 20 то 23 май дар вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меоянд. Ҳарорати ҳаво тадриҷан паст мешавад.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ҳангоми бад шудани вазъи обу ҳаво аз қарор доштан дар назди дарёҳо ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.