Вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) барои соли 2026, санаи 14 майи соли 2026 бо иштироки намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори адлия Раҳмонзода Фарух ва капитани адлия Сайфиддинзода Нуриддин дар маҷлисгоҳи Раёсат вохӯрӣ доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарият, ҳайати шахсии Раёсат ва сардорони шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд капитани адлия Сайфиддинзода Нуриддин мақсади баргузор намудани вохӯриро ба хизматчиёни ҳарбӣ баён намуда, қайд кард, ки дар ҳақиқат аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсусан қайд менамоянд ва муқовимати дастаҷамъонаро бо ин падидаи номатлуб мунтазам таъкид медоранд.
Баромадкунанда оид ба амалигардонии бандҳои дахлдори Нақша чорабиниҳо сухан ронда таъкид намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Раёсат бояд ҷиҳати иҷроиши бандҳои дахлдори он аз ҷумла: таъмини иҷрои талаботҳои барномаҳои зиддикоррупсионӣ, пешгирӣ намудани манфиатҳои идоравӣ ва ошкор намудани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, вусъат додани раванди бо манзили истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ, ҷудо намудани қарзҳои бонкии имтиёзнок барои сохтмони манзили истиқоматӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тариқи роҳхат, озмун, захираи кадрҳо, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия ва ҷойивазкунии хизматчиёни ҳарбӣ, гузариш ба низоми электронии гардиши ирсол ва тақсимоти мавод, парванда, ҳуҷҷатҳо, истеҳсолоти иҷро ва дигар расмиёти маъмурӣ чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо расонида шуд, ки вобаста ба иҷроиши бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)” тибқи муҳлатҳои муқарраргардида бояд ба Раёсат маълумотҳо пешниҳод намоянд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ намояндагони Агентӣ ба суолҳои додашудаи иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд.