Дар чорабинӣ ҳайати роҳбарикунанда, омӯзгорони дифои ҳарбӣ ва зиёда аз 134 нафар хонанда иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат ва дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хоруғ бо ҷалби техникаҳои махсус ширкат варзиданд.
Чорабинӣ тибқи нақша дар се марҳила гузаронида шуда, дар он амали наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат, дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Хоруғ ва нерӯҳои ғайриҳарбии муассиса тибқи бонгҳои шартӣ ба таври амалӣ намоиш дода шуд.
Дар марҳилаи сеюми машқ, ки анҷомбахши чорабинӣ ба ҳисоб меравад, ба омӯзгорон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раёсати Кумита дар ВМКБ ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.