Санаи 14-уми майи соли 2026 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва баланд бардоштани маърифати бехатарии хонандагон тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.
Зимни баргузории вохӯриҳо масъулини Кумита ба хонандагон ва омӯзгорон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ, хатари шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда, каналҳо ва дарёҳо, инчунин оқибатҳои беэҳтиётӣ маълумоти муфид пешниҳод намуданд.
Қайд гардид, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими оббозӣ, мутаассифона, ҳолатҳои ғарқшавӣ, бахусус миёни ноболиғон зиёд ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва назорати доимии волидайн ба кӯдакон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки:
Чунин чорабиниҳои иттилоотию профилактикӣ бо мақсади ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ идома дода мешаванд.