Аз аввали моҳи майи соли 2026 дар асоси Накшаи чорабиниҳо оид ба риояи қойдаҳои шиноварӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар соли 2026 аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсат дар бозори марказии шаҳри Левакант, лаби каналҳо ва Литсейи Давлатии №2-и шаҳр бо хонандагону омӯзгорон, дар Терминали мусофиркашонӣ, бозори марказии шаҳри Бохтар бо савдогарон, мусофирону ронандагон, назди беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба ном Б.Воҳидов ва дар назди каналҳои шаҳри Бохтар бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба риоя намудани койдаҳои шиноварӣ ва беназорат нагузоштани фарзандон ташкил ва гузаронида шуд.
Ҳамзамон дар рафти гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ аз ҷониби намояндагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон брашураҳо оидии қоидаҳои шиноварӣ дастрас карда шуд. Инчунин рафти чорабинии мазкур аз ҷониби намояндаи Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон наворбардори гардид. Корҳои фаҳмондадихи дар ин самт идома дорад.