Аз аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ як қатор ҳодисаҳои нохуши вобаста ба ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд.
Аз ҷумла, санаи 5 майи соли 2026 дар шаҳри Левакант кӯдаки соли таваллудаш 2024 дар натиҷаи ҳодисаи нохуш аз беназорат мондан ба заҳбури назди хона афтода, ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ноболиғи соли таваллудаш 2010 ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор дар назди кӯли «Ҷавонон» ғарқ гардид. Ҷасади ӯ аз ҷониби наҷотдиҳандагон дарёфт гардида, ба мақомоти дахлдор супорида шуд.
Дар шаҳри Ҳисор низ марди соли таваллудаш 1975 дар ҳолати мастӣ ба ҷӯйбор афтода, ба ҳалокат расид.
Инчунин, оқибатҳои ҳодисаи фоҷиаборе, ки қаблан дар шаҳри Ваҳдат рух дода буд, идома дорад. Ҷавони соли таваллудаш 2003 худро аз болои пул ба дарёи Кофарниҳон партофта, дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯ дарёфт ва ба пайвандонаш супорида шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки қоидаҳои бехатариро дар назди обанборҳо қатъиян риоя намуда, кӯдаконро беназорат нагузоранд, дар ҷойҳои хатарнок ва манъшуда оббозӣ накунанд ва дар ҳолати мастӣ ба об наздик нашаванд.
Ба волидон тавсия дода мешавад, ки назорати фарзандони ноболиғро, махсусан дар назди каналҳо, дарёҳо, ҷӯйборҳо ва дигар обанборҳо пурзӯр намоянд.
Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои фавқулодда шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои навбатдории фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ муроҷиат намоянд: 2219119, 2231311, 938802819.