Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Нақшаи пуррагардонии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ, санаи 5 майи соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимии Кумита машғулиятҳои…
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Нақшаи пуррагардонии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ, санаи 5 майи соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимии Кумита машғулиятҳои омӯзишӣ бо дараҷаи «Ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании вазорату кумитаҳо ва агентию идораҳо» оғоз гардид.
Машғулиятро муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Иброҳимзода Имомалӣ оғоз намуд.
Дар машғулиятҳои мазкур ҳайати роҳбарикунандаи вазорату кумитаҳо, агентию идораҳои ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳимми таъмини омодагии мудофиаи гражданӣ, тартиби амал ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва роҳҳои коҳиш додани хавфу хатарҳо маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.
Мақсади асосии баргузории машғулиятҳо баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи ҳайати роҳбарикунанда дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин тақвияти омодагии онҳо барои вокуниши саривақтӣ ва самаранок мебошад.
Машғулиятҳои омӯзишӣ то санаи 7 майи соли 2026 идома хоҳанд ёфт.