5 October 2026
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2026, Фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №108 аз 15 апрели соли 2026, Қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Ашт санаҳои 28 то 30 апрели соли 2026 бо мақсади санҷиши сатҳи омодагии мақомоти идоракунӣ, дониш ва сатҳи тахассусии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳияи Ашт, машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзуъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» гузаронида шуд.
Машқи мазкур аз се марҳила иборат буда, марҳилаи аввал дар асоси бонги шартии машқ санаи 28 апрели соли 2026 соати 06:00 дақиқа аз ҷониби хадамоти алоқа ва хабардоркунии мудофиаи граждании ноҳия бонги «Ҷамъ» эълон карда шуд.
Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соати 07:30 дақиқа ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳия, зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягона ва хадамотҳои шаҳр, ҷамъ карда шуда ҷаласа доир карда шуд.
Дар ҷаласа Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, муовини сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, подполковник Кучаков Ҷамшед, намояндагони Раёсати Кумита дар вилоят, ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва хадамотҳои мудофиаи гражданӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода оғоз намуд. Сипас муовини сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд подполковник Кучаков Ҷ. баромад карда иштирокчиёни машқро бо вазъияти шартии машқ шинос намуданд. Дар анҷоми ҷаласа Раиси ноҳия оиди мақсаду вазифаҳои машқ сухан ронда, дар асоси ҳолати ба амал омадаи вазъияти шартии машқ ба масъулин вазифагузорӣ намуд. Баъд аз гирифтани вазифаҳо ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия ба ҷойҳои кории худ барои ташкил намудани ситодҳо ва омодагии қабули бонгҳо равона карда шуданд.
Давоми руз аз тарафи хадамоти хабардоркунӣ ва алоқа ба хадамотҳои мудофиаи гражданӣ барои иҷрои саривақтии вазифаҳо аз руи ҷадвали тасдиқгардида бонгҳои шартӣ дода шуд. Мақсади гузаронидани машқ баланд бардоштани омодагии ҳайати роҳбарикунанда, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, иҷроиши дурусти супоришҳои дахлдор ва қабул намудани қарорҳои дахлдор аз ҷониби онҳо мебошад.
Марҳилаи аввали машқ соати 16:00 дақиқаи санаи 28 апрели соли 2026 ба анҷом расид.
Дар марҳилаи дуюми машқ санаи 29 апрели соли 2026 бо истифода аз техникаҳои муҳандисии Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар селроҳаи Даҳанасойи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳробод, мавзеъи шаҳраки Кони намак корҳои пешгирикунанда, тоза намудани селроҳа ва барқарор намудани садди муҳофизатӣ гузаронида шуд.
Санаи 30 апрели соли 2026 дар майдони варзишгоҳи марказӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия зернизоми ҳудудии Низоми ягона, хадамотҳо ва маҳаллҳо марҳилаи анҷомёбии машқи мукаммал гузаронида шуда, тарзи дурусти амали зернизомҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои дурусти эвакуатсияи аҳолӣ аз тарафи Роҳбари машқ таҳлил, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда шуд.
Иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ифтихорномаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.