Маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2026 дар натиҷаи боришоти пуршиддат, борони сахт ва жолаборон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои обхезӣ ва сел ба қайд гирифта шуданд. Қувва ва воситаҳои…
Маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 апрели соли 2026 дар натиҷаи боришоти пуршиддат, борони сахт ва жолаборон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои обхезӣ ва сел ба қайд гирифта шуданд.
Қувва ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода фавран ба ҷойи ҳодисаҳо сафарбар гардида, бо истифода аз техникаи махсус ва таҷҳизоти обкашӣ корҳои бартарафсозиро оғоз намуданд.
Дар натиҷаи боришоти шадид ва жола об ба як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва иншоот ворид гардид. Аз ҷумла, таҳхонаи таваллудхонаи шаҳрии №1, хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Н. Махсум (8/2, 8/3, 8/4), зери купруки кӯчаи Шамсӣ дар ҳудуди тарабхонаи «Арбат», кӯчаи Зафар, хонаи №11, инчунин манзилҳо дар ҳудуди Маркази саломатии шаҳрии №14 зери об монданд. Гурӯҳи наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва наҷотдиҳандагони Раёсати Хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоти махсуси обкашӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, обро аз таҳхонаҳо ва ҳудуди зарардида хориҷ намуданд.