Тибқи талаботи нақшаи гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Дарвоз бо ҷалби ҳайати роҳбарикунада, комиссияҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягона оид ба бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Дарвоз марҳилаҳои дуюм ва сеюми машқи амалии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Пешгирӣ ва бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда” дар Ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.
Чорабинӣ соати 06:00 дақиқа бо бонги эълони “Ҷамъшавӣ” оғоз гардида, дар он амали комиссияҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягона аз тарафи роҳбари машқ ва ҳайати роҳбаркунандаи ноҳия дида баромада шуд.
Дар машқ асосан чорабиниҳо вобаста ба эвакуатсияи аҳолии деҳаҳои Зинг ва Умараки ноҳия ба шаҳрчаи хаймавӣ, баруйхатгирӣ, безараргардонӣ ва ҷобаҷо намудани аҳолӣ дар шаҳрчаи хаймавӣ, миёнагир намудани шаҳрчаи хаймавӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, таъмин намудани шаҳрчаи хаймавӣ бо обу ташноб аз тарафи хадамоти коммуналӣ, таъмини барқ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор аз тарафи хадамоти оташнишонӣ ва дастгир намудани гумонбаршудагон, аз тарафи кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба таври амалӣ гузаронида шуд.
Дар марҳилаи сеюм ё худ марҳилаи ҷамъбаст иштирокчиёни машқ, ки маҳорату малакаи баландӣ касбӣ нишон додаанд, бо ифтихономаҳои раис-сардори мудофиаи граждании ноҳияи Дарвоз ва сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ қадрдонӣ гардиданд.
полковник Ориф Нозимиён