Ҳалли масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода вазифаи асосии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тақвияти гуфтаҳои боло ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи доррои хусуияти табиӣ ва техногенӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ" мебошад. Дар ҷумҳурӣ системаи омўзиши аҳолӣ оид ба амалнамудан дар ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда шудааст.
Яке аз зинаҳои системаи мазкур, ин омўзиши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мебошад.
Ҳамасола, ҷиҳати ҷамбасти омўзиш оид ба асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, дар муассисаҳо «Рўзи мудофиаи гражданӣ» гузаронида мешавад.
Мақсади гузаронидани «Рўзи мудофиаи гражданӣ» аз инҳо иборатанд:
Омўзонидани хонандагон ба амали бошуурона ва моҳирона дар шароитҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ.
Муайян намудани омодагии нерўҳои ғайриҳарбии муассиса ва дар хонандагон ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баланди рўҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ, омодабудан ба расонидани кумак ба атрофиён;
дар хонандагон пайдонамудани ҳисси боварӣ оид ба самаранокии чорабиниҳое, ки баҳри ҳимояи аҳолї аз ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешаванд;
Дар асоси талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи доррои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, омода намудани муассиса ба ҳолатҳои фавқулодда бо амри Раиси ноҳияи Варзоб аз 14 апрели соли 2026, №95 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Варзоб санаи 17.04.2026 "Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ" гузаронида шуд.