Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади баланд бардоштани маҳорати амалии хонандагон ва омӯзгорон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ, “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ дар мавзуъи “Амали ҳайати неруҳои ғайриҳарбӣ ва таълимгирандагон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта (заминҷунбӣ ва сухтор)” ташкил ва гузаронида шуд.
Барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани машқ хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳия бо техникаҳои хизматӣ ва ҳайати кормандони вобасташуда ҷалб карда шудаанд.
Дар рафти машқ 40-нафар директорон ва 40 нафар омузгорони омодагии ибтидои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, 54-нафар омузгорон ва 827 нафар хонадагони муассиса иштирок намуданд.
Хадамотҳои оташнишонӣ, тиббӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷараёни машқ иҷрои вазифаҳои шартии ба зиммадоштаашонро ба таври амалӣ намоиш доданд.
Ҳамзамон, дар байни хонандагони синфҳои 2 ва 6 вобаста ба самти ҳолатҳои фавқулодда ва намудҳои он дарсҳои кушод ташкил карда шуд, ки доир намудани чунин чорабиниҳо барои фаҳмиши фарқияти ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта аҳамияти махсус дорад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.