Санаи 16-уми апрели соли 2026 тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ба номи Зафар Ҷураеви деҳаи Логини Ҷамоати деҳоти Зафаробод бо мақсади баланд бардоштани маҳорати амалии хонандагон ва омӯзгорон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ, “Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ” дар мавзуъи “Амали ҳайати неруҳои ғайриҳарбӣ ва хонандагон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи характери техногенидошта (сухтор)” ташкил ва гузаронида шуд.
Барои дар сатҳи баланд доир намудани машқ хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳия бо техникаҳои хизматӣ ва ҳайати кормандони вобасташуда ҷалб карда шуда, дар рафти машқ 282-нафар хонандагону омузгорон, 12-нафар кормандони техникии муассиса ва 50-нафар директорону роҳбарони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби хадамотҳои оташнишонӣ, тиббӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, барқ, алоқа ва хабардоркунӣ иҷрои вазифаҳои шартии машқ ба таври амалӣ намоиш дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои пайдо намудани ҳисси боварӣ оид ба самаранокии иҷроиши чорабиниҳое, ки баҳри ҳифзи аҳолӣ ва амал намудан дар ҳолатҳои фавқулодда равона карда шудааст, аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод қадрдонӣ карда шуданд.