Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур инчунин корманди барномаи миллии Созмони байналмилалии муҳоҷират Шаҳло Раҳимова иштирок намуд.
Аз ҷониби Кумита дар мулоқот полковник Насриддин Саидиён— сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба сафари расмии эҳтиромӣ ва баргузории ҷаласаи гурӯҳи РЕАКТ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳифзи аҳолӣ ва таҳкими иқтидори вокуниши фаврӣ муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи робитаҳо ва татбиқи барномаҳои муштарак таъкид намуданд.