Боргирӣ…
ДАВРИ ФИНАЛИИ МУСОБИҚАИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД Нақши Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон футболро ҳамчун василаи пешбурди тарзи ҳаёти солим ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ мекунад. Дар сатҳи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо, мунтазам иншооти нави замонавии варзишӣ, майдончаҳо ва маҷмааҳои футболӣ бунёд карда мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Футбол ҳамчун як падидаи ҷаҳонӣ миллионҳо одамонро муттаҳид мекунад ва ба ҳамгироии иҷтимоӣ, сулҳ ва рушди устувор мусоидат менамояд. Дар соли 2024 Ассамблеяи Генералии СММ 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда, аввалин шуда садсолагии мусобиқаи байналмилалии футболро, ки дар доираи Бозиҳои олимпии соли 1924 дар Париж баргузор шуда буд, ҷашн гирифт. Ин ташаббус нақши футболро дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), аз қабили таҳкими саломатӣ, баробарӣ ва шарикӣ таъкид мекунад. Дар Тоҷикистон футбол ҷойгоҳи худро дорад ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ дар рушди он нақши беназир дорад. Футболи хурд (мини-футбол) яке аз намудҳои оммавӣ ва дӯстдоштаи варзиш дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар сатҳи маҳаллаҳо, донишгоҳҳо, идораҳои давлатӣ ва хусусӣ бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим фаъолона рушд карда истодааст. Рушди футболи хурд ва оммавӣ қисми муҳими "Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад. Ин барномаҳо ба он нигаронида шудаанд, ки шавқу шӯри кӯдакон ва калонсолон ба варзиш дастгирӣ ёфта, шароити мусоид барои бозиҳои дастаҷамъӣ фароҳам оварда шавад. Мусобиқаи кушоди шаҳри Кӯлоб оид ба футболи хурд байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои олии касбии шаҳр барои дарёфти ҷоми Раиси шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” бо иштироку суханронии раиси шаҳр муҳтарам Пирзода Диловар ифтитоҳ гардид. Даври ниҳоии финали мусобиқа барои ҷойҳои якуму дуюм байни дастаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб бо дастаи Собиқадорони тими Равшани Кӯлоб шуда гузашт, ки барандаи ҷои якум барои гирифтани Ҷоми риси шаҳр ва медалҳои тиллою сипоснома дастаи футболбозони Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баъди бурдани бозӣ ноил гаштанд. Ҳамчунин дастаи собиқадорони тими Равшани Кӯлоб соҳиби ҷои дуюм бо сазовор шудан ба медалҳои нуқраю сипосномаҳо ва ҷои сеюм бошад насиби дастаи Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон шуд, сазовори медалҳои биринҷӣ ва сипосномаҳо гардиданд.