Боргирӣ…
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», 19 сентябри соли 2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Пирзода Диловар, баргузор гардид.Зимни қабул муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои гуногун шунида шуда, барои баррасии ҳамаҷониба ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.