Боргирӣ…
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 26 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии прокурори шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи «Ҳолати риояи қонунгузорӣ ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои бисёрошёна, тартиби танзими раванди сохтмон, назорати иҷрои меъёрҳои шаҳрсозӣ, талаботи техникӣ ва бехатарӣ, инчунин қонуният ва шаффофияти қабули биноҳои истиқоматӣ ба истифода дар солҳои 2024, 2025 ва шаш моҳи соли 2026» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуд. Зимни ҷаласа оид ба камбудиҳои ошкоргардида, сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён фикру пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд. Дар анҷоми ҷаласа бо мақсади таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор, инчунин пешгирии қонунвайронкуниҳо, қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба роҳбарони мақомоти масъул супоришҳои мушаххас дода шуданд.