Боргирӣ…
БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАШТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ. 23.06.2026 Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум, бо иштироки вакилон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон баргузор гардид. Дар рафти баргузории иҷлосия масъалаҳои муҳими соҳаи иқтисодиёт аз ҷумла рафти амалишавии ҳадафи чоруми стратегии милли “Саноатикунонии босуръати мамлакат” дар шаҳри Кӯлоб мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Зимни баромадҳои масъулини соҳа зикр гардид, ки дар давоми чанд соли охир бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби соҳибкоронӣ ватани дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноати сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дарҷ гардид ки айни замон шумораи корхонаҳои саноати дар шаҳри Кӯлоб ба 77 адад расидааст, ки дар онҳо 91 номгуи маҳсулот истеҳсол карда мешаванд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр шумораи ҷойҳои корӣ низ муҳаё гардида барои шаҳрвандон шароити мусоиди кору фаъолият марҳила ба марҳила амали карда мешавад. Роҳбарияти МИҲД-и вилояти Хаттлон ва шаҳри Кӯлоб таъкид доштанд,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъала таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои кории доимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо таваҷҷуҳи махсус равона менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як масъулро мебояд ки дар ин самт ҳама тадбирҳои лозимаро ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти кории кормандон амали намояд. Бояд иброз намуд,ки зиёд шудани шумораи коргоҳу корхонаҳои нави саноати дар шаҳру деҳоти мамлакат омили коҳиш ёфтани воридоти маҳсулот, зиёд гардиданӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулотӣ ватанӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот ва дар беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар заминаҳои созгор мегузорад. Инчунин дар рафти ҷаласа ба масъала зиёд намудани шумораи ҷойҳои навӣ корӣ ва таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои корӣ тавваҷуҳи махсус равона карда шуд. Гуфта шуд,ки бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб як чанд коргоҳу корхонаҳои нав санотӣ ба фаъолият оғоз менамоянд, ки дар ин корхонаҳо ҷойҳои нави кори муҳайё гардида шумораи зиёде аз шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд. Пас аз баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома, вобаста ба ҳар як масъала бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар фарҷоми иҷлосия масъулин аз вакилон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои содиқонаи ваколатҳои худ, ҳимояи манфиатҳои мардум ва татбиқи барномаҳои давлатӣ масъулияти баланд зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як хизматчии давлатӣ ва вакили мардумӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолият намояд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сокинон, аз ҷумла вакилони мардумӣ, вазифадоранд барои ободонӣ, созандагӣ ва рушди устувори шаҳр саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро танҳо бо заҳмати содиқона ва ҳамкории дастаҷамъона метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуд.