Муҳтарам Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб Шуморо бо арзи меҳру муҳаббати бепоён ба муносибати рӯзи таваллудатон шодбош мегӯянд.
Шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то имрӯз ҳамасолаву ҳамарӯза заҳмату талош ва хизмати содиқонаи Шуморо мардуми ин куҳандиёр дарк намуда, ҳамеша ва дар ҳама лаҳзаҳо паҳлӯи Шумо қарор доранд.
Бараъло эҳсос менамоем, ки таваҷҷуҳи Шумо нисбати ин шаҳри бостонӣ зиёд ва муҳаббати сокинонаш нисбат ба Шумо бепоён аст.
Суханони пур аз самимияту эътиқоди Шумо ки пайваста мардуми шаҳри бостонии Кӯлобро ба мардонагӣ ва ғайрату ҷасорати хос тавсиф менамоед, руҳияи илҳоми ҷавонмардони ин сарзамин дар роҳи хизмати содиқона ба халқу Ватан аст.
Маҳз ҳидоятҳои созандаи Шумо вусъатбахши корҳои бунёдкорӣ дар ин гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон аст.
Муҳтарам Пешвои муаззами миллат Шумо пайваста таъкид менамоед, ки Шумо мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб ба ҳама чиз қодир ҳастед, ҳама аз уҳдаи ҳама чи баромада метавонанд ва он рӯзҳои сахту сангине ки Шумо дар паҳлуи ман истода манро дастгирӣ кардед, агар Шумо намекардед, мо ба ин рӯзи шодӣ намерасидем. Ин суханони руҳбаландсози Шумо дастури ҳамешагӣ мост ва пайваста кӯшиш менамоем, ки ҳама дастуру супоришҳои Шуморо сари вақт иҷро намуда бошем.
Дар ин рӯзи муборак бори дигар бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои назаррасро орзумандем.
Чун туҳфаи арзишманд бори дигар мо сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб бо садои баланд иброз медорем, ки Мо Шуморо дӯст медорем, бо Шумо Пешвои ваҳдатофару ташаббускори сатҳи байналмиллалӣ ифтихор менамоем, дар ҳама лаҳзаҳо паҳлӯи Шумоем ва ҳама дастуру супоришҳои Шуморо самимона дар роҳи бузурги ватансозӣ иҷро менамоем.