Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» имрӯз дар шаҳри Кӯлоб маросими тантанавии гусели даъватшавандаҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии зикргардида узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, даъватшавандагон, падару модарон ва наздикону пайвандони онҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ, занону ҷавонон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, даъватшавандагонро барои хизмати софдилонаву самимона фарзандвор таъкид намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки Хизмат ба Ватан танҳо пӯшидани либоси низомӣ нест — ин дар ниҳоди худ масъулият, садоқат, тарбияи ҷисмониву маънавӣ ва пеш аз ҳама муҳаббати беғараз ба Ватанро фаро мегирад. Вақте ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меравад, на танҳо ҷузъи Қувваҳои Мусаллаҳ мешавад, балки ӯ ба як марди комил табдил меёбад — дорои иродаи қавӣ, масъулиятшинос ва ватандӯст.
Имрӯз, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, шароити хизмати ҳарбӣ хеле беҳтар гардидааст. Артиш бо таҷҳизоти муосир таъмин аст, сатҳи таълим ва омодагии ҷангии сарбозон пайваста боло бурда мешавад. Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои ҳарбӣ, таҳкими истиқлолияти ҳарбӣ ва тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Шӯрои ҷанговарони башардӯст дар шаҳру минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Раҳмонов ва раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Кӯлоб Амиров Давлат ба сухан баромада, таъкид доштанд, ки Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин арзиш мебошад. Дар оғӯши Ватан мо ба камол мерасем, илм меомӯзем ва ҳаёти осоишта ба сар мебарем. Аз ҳамин сабаб, дӯст доштани Ватан ва хизмат ба он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, хоса ҷавонон аст.