Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Назарзода Бахтиёр Худоёр - раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Ҳамзамон дар иҷлосияи мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, муовини директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Аъзам, роҳбари гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо Боҳирӣ Ғайбулло, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон, раисони кумитаҳои маҳал, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва вилояти Хатлон, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Бо садо додани Суруди Миллӣ иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум оғоз гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд. Мутобиқи моддаи 13-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” котиботи иҷлосия интихоб карда шуд.
Бо тарафдории вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар Иҷлосияи чорум масъалаи рафти амалишавии Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст Шоҳиён Алмосшо Набот-раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб оид ба саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, энергетика ва хоҷагии манзилию коммуналӣ баромад намуда, аз рафти амалишавии лоиҳаи мазкур дар шаҳри Кӯлоб ба саҳми ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани таъминоти оби нушокӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб “Лоиҳаи обтаъминкуни ва корезии шаҳри Кӯлоб” таҳия гардида буд, амалӣ гардида истодааст.
Айни замон дар ин самт корҳо идома дошта ширкатҳои сохтмони ба бунёди обанборҳои калонҳаҷм, кашидани хатҳои нави оби нӯшокӣ машғул мебошанд. Бо пурра амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур мушкилоти чандинсолаи мардуми шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб дар самти норасоии оби ошомиданӣ пурра бартараф карда мешавад.
Сипас Шарипов Сайдалӣ-вакил аз ҳавзаи интихоботии №17, Маҳмудзода Қумриниссо вакил аз ҳавзаи интихоботии №5 ба сухан баромада, мушкилоти сокинони маҳаллаҳои шаҳрро баён доштанд. Аз ҷумла вакил аз ҳавзаи интихоботии №5 Маҳмудзода Қумриниссо иброз доштанд, ки дар ҳавзаи мазкур маҳаллаҳои Раҳимзода, Хати роҳ, Корвонгузар, Навбунёд(мавзеи морхона), Маҳаллаи 20-ум, Қурбон Зардак, Даминзода аз хонаи 59 то 233, Роҳи оҳан дохил мешаванд. Дар маҳаллаҳои мазкур, ки аксаран маҳаллаҳои навбунёд мебошанд, мушкилоти асосии сокинон ин норасоии оби нушокӣ ба шумор меравад. Аз Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб талаб карда шуд, ки дар рафти иҷро ва амалишавии “Лоиҳаи обтаъминкуни ва корезии шаҳри Кӯлоб” мушкилоти сокинони маҳаллаҳои мазкур ба инобат гирифта шавад.
Дар идома муовини директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Аъзам, роҳбари гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо Боҳирӣ Ғайбулло ба сухан баромада, таклифу пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлобро дар рафти амалишавии лоиҳа муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, иттилоъ доданд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа тамоми мушкилоти ҷойдошта омӯхта шуда, саривақт бартараф карда мешаванд. Ба ҳолати 1-сентябри соли 2025 аллакай 72%-и лоиҳа иҷро гардида, корбарӣ дар ин самт рафта истодааст.