Тавре иттилоъ дорем санаи 3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд. Дар ин мулоқот 30 миллион доллари амрикоӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Фонди Саудии Рушд ҷудо карда шуд.Санаи 18
августи соли 2025 намояндагони Фонди Саудии рушд ба хотири шиносоӣ пайдо намудан ба имкониятҳои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд. Ҳайати Фонди Саудии Рушдро намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд. Намояндагони
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр пешвоз гирифта, иброз доштанд, ки маҳз самараи Истиқлоли давлатӣ, натиҷаи заҳмату талошҳоиАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб рӯз то рӯз рушд намуда истодааст. Бо раҳнамоии роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мумфаршнамоӣ ва таъмиру азнавсозии роҳҳо бомаром идома доранд. Лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб низ барои рушду тараққиёти ин шаҳри бостонӣ аҳамияти муҳим дошта, пурра амалӣ гардидани он омили боз ҳам пешрафт мегардад. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб