Санаи 18-уми августи соли 2025сафири Фаронса хонум Эльза Пиньоль ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд.Ҳайати меҳмононро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобдар даромадгоҳи шаҳр назди муҷассамаи “Дуои Модар” пешвоз гирифтанд. Сипас чун рамзи эҳтиром назди муҷассамаи “Дуои Модар” маросими гулгузорӣ анҷом дода шуд. Сафири Фаронса ва дигар ҳамроҳонаш бо роҳбаладии намояндагони мақомоти маҳаллӣ аз боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб ва гӯшаи “Сайри Фаронса”боздид намуданд.
Дар идома дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии тарафайн баргузор карда шуд. Ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва соҳаи сайёҳиро муҳокима намуданд. Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинол оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф, хусусан ташкили ихтисосу кафедраҳо бо забони фаронсавӣ дар донишгоҳҳову коллеҷҳои шаҳри Кӯлоб ибрози назар намуда, ин зинаро яке аз бахшҳои асосӣ донистанд. Сафир
ҳамзамон дар мулоқот оид ба рушди сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ намуда, аз имкониятҳои васеъ доштани вилояти Хатлон, махсусан шаҳри Кӯлоб дар ин самт изҳори боварӣ карданд, ки метавон ширкатҳои фаронсавиро ба ин минтақаи сайёҳӣ ҷалб сохт. Таъкид гардид, ки соҳибкорону сармоягузорон аз Фаронса метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда саҳми муносиб гузоранд. Зеро дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, бунёди корхонаҳои муштаррак боистифода аз таҷрибаҳои пешрафта ва технологияи навтарин ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб