Бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қисми ҳарбии 13483-и шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шарифҷон ва Ҳақназарзода Фирӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ Бурҳонзода Муслиҳиддин, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва ҷавонони вилоят ширкат варзиданд.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон меҳмононро ба шаҳри Кӯлоб шодбош гуфта, баргузории чунин чорабиниҳоро баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон саривақтӣ арзёбӣ кард.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, бо ифтихор ёдовар шуд, ки бо заҳмату ҷасорати Пешвои миллат сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои давлатӣ ва пояҳои устувори давлатдорӣ гардид.
Зимни ҳамоиш инчунин мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ Бурҳонзода Муслиҳиддин суханронӣ намуда, ҷавононро барои саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият даъват карданд.
Дар идома вакилони Маҷлиси намояндагон, зикр карданд, ки бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари давлат сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу ваҳдат таъмин гардид. Афзуданд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тоҷикони ҷаҳонро муттаҳид намуда, роҳи рушди устувори кишварро ҳамвор сохт.
Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти ҲХДТ ба сарбозон ва афсарони қисми ҳарбӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барномаи фарҳангӣ ва дастурхони идона ташкил шуд.