Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини аввали комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, генерал-майор Мирзозода Давлатшоҳ, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб Ҳайдарзода Шералӣ ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарияти комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони шуъбаи ВКД-и шаҳр, роҳбарони муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, раисони маҳаллаву ҷамоатҳо, имомхатибон, роҳбарони бонкҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос карданд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1. Оид ба иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаи кории қаблӣ.
2. Омодагӣ барои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи тартиби ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Наргис Қурбонзода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои ҷаласаи қаблӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар идома раиси Комиссияи даъватии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Давлатҷон оид ба омодагӣ ба даъвати ҷавонон мухтасар ахборот манзур намуда таъкид доштанд, ки тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳр ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кор дар ин самт рафта истодааст. Даъватшавандагон саривақт аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, барои сафарбар гардидан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида истодаанд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оид ба иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як масъулин пурсиш намуда, иброз доштанд, ки мо пеш аз ҳама вазифаҳои бар зиммадоштаи худро содиқонаву софдилона новобаста дар кадом самт фаъолият дорем, бояд иҷро намоем ва тибқи дастурамали коргузорӣ фаъолияти худро ҷонок намоем, масъулиятшинос бошем ва дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид корбариро ҷоннок намуда барои боз ҳам беҳтар гардидани нишондодҳои соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр саҳмгузор бошем.
Дар идома сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб Ҳайдарзода Шералӣ ба сухан баромада, ҷиҳати дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ ва омода намудани ҷавонон барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Сипас муовини аввали комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, генерал-майор Мирзозода Давлатшоҳ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки мо бояд сарҷамъона ҷиҳати иҷрои саривақтии
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ камари ҳиммат баста, ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ин самт корбариро ҷоннок намоем.
Зимни баргузории ҷаласаи мазкур инчунин масъалаҳо ҷиҳати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, бақияпулиҳои андоз, пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, таъмири роҳу роҳравҳо, омодагӣ ва насби шиорҳо ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуда дар ин замина ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода ва шуданд.